Ҳамзамон, барои мо дар Silk Road Professionals, ин як соли узвияти фаъол ва ифтихорӣ дар IT Park мебошад.
Дар ин як сол, IT Park @itparkdushanbe ба мо имконият дод, ки рушди худро суръат бахшем, хизматрасониҳои outsourcing-ро васеъ намоем ва ҷойҳои нави корӣ эҷод кунем.
Ин ҳама бо сиёсати давлатӣ ҳамоҳанг аст. Бо эълони солҳои 2025–2030 ҳамчун солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия аз ҷониби Мӯҳтарам Пешвои Миллат, барои рушди соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар кишвар заминаи устувор гузошта шуда истодааст.