Чорабинӣ ба як платформаи муҳими муколама барои таҳкими ҳамкориҳои технологӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия табдил ёфта, ҳамзамон барои муаррифии қарорҳои пешрафтаи рақамӣ дар идоракунии давлатӣ ва соҳаҳои калидии иқтисод мусоидат намуд.
Дар доираи барнома меҳмонон бо инфрасохтор ва имкониятҳои IT Park Dushanbe, инчунин фаъолияти субъектони Парки технологӣ шинос шуданд. Ба масъалаҳои татбиқи қарорҳои инноватсионии IT ва рушди лоиҳаҳои муштарак таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамчунин, ба IT Park Dushanbe муовини Вазири рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияҳои оммавии Федератсияи Россия Кучушев Сергей Александрович ташриф оварда, бо экосистемаи парк шинос шуда, имкониятҳои густариши ҳамкориҳоро баланд арзёбӣ намуд.
Форум дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, қадами муҳим дар рушди шарикии рақамӣ миёни ду кишвар гардид.