Рӯзи гузашта дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рақамикунонӣ, дар бинои IT Park Dushanbe чорабинии муштараки таълимӣ-маърифатӣ баргузор гардид. Ин ҳамоиш бо ташаббуси ҶДММ «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе», КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва субъекти IT Park Dushanbe – Ширкати барномасозии миллии ҶДММ «Ватан ИКТ» дар мавзӯи «Асосҳои омӯзиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва равандҳои рақамикунонӣ дар фаъолияти таълимии донишҷӯёни маркази таълимии занон “Сарвар”» доир шуд.