ҷдмм «Дарёи Санаи марказ»
ДАР БОРАИ ЛОИҲАИ «DARYA.AI»
Darya.ai — лоиҳаи технологӣ дар соҳаи ҳисоббарориҳои баландсифат ва инфрасохтори зеҳни сунъӣ мебошад, ки ба таъсиси иқтидорҳои махсус барои таҳия ва татбиқи қарорҳои AI равона шудааст. Лоиҳа таъсиси аввалин маркази махсуси додаҳо барои AI дар Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Он аз ҷониби ширкати байналмилалии Darya.ai Ltd амалӣ гардида, дар кишвар тавассути ҶДММ «Дарёи санаи марказ» фаъолият мекунад. Маркази асосӣ (AI Compute Facility) дар деҳаи Зев, ноҳияи Дарвоз ҷойгир буда, ба ширкатҳо, муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои тадқиқотӣ захираҳои ҳисоббарорӣ пешниҳод менамояд.
Инфрасохтор бо GPU-ҳои муосири NVIDIA (H200 ва B300) муҷаҳҳаз буда, имкони иҷрои вазифаҳои калонҳаҷми AI, аз ҷумла омӯзиши LLM, коркарди додаҳо ва тадқиқотро фароҳам меорад. Он аввалин кластери чунин сатҳ дар кишвар мебошад.
Иқтидори ибтидоӣ ~2 МВт буда, имкони васеъшавӣ дорад. Марказ хизматрасониҳои GPU пешниҳод мекунад.
Он бо 100% гидроэнергияи барқароршаванда фаъолият намуда, устуворӣ ва коҳиши изи карбониро таъмин мекунад.
Фаъолият дар парк
- #13 – Фаъолият дар самти татбиқ, дастгирӣ, нигоҳдорӣ, истифодаи низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавӣ ё низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавии шахсони сеюм, ки бо иштироки субъектҳои паркҳои технологӣ истеҳсол карда мешаванд, татбиқи усулҳои инноватсионӣ барои таҳияи барномаҳои таълимӣ (омӯзишӣ) бо истифода аз низомоти иттилоотӣ ё таъминоти барномавӣ.
- #15 – Ташкили шабакаҳои нейронӣ ва алгоритмҳои дигар дар бахшҳои махсуси зеҳни сунъӣ ва амал баровардани натиҷаҳои ин фаъолият.
- #19 – Фаъолият оид ба лоиҳакашӣ, таҳия ва роҳандозии низомҳои таъминоти барномавӣ ва (ё) воситаҳои таъминоти барномавӣ-техникӣ дар асос ва (ё) истифодаи технологияи ҳисоббарории абрӣ (облачное вычисление), аз ҷумла барои нигоҳдории маълумот, таъсис додани махзани маълумот ва ҷойгиркунии таъминоти барномавӣ дар серверҳои абрӣ.