Тоҷикистон дар платформаи байналмилалии C5+1

IT Park Dushanbe ҳамроҳ бо стартапҳо дар Конфронси байналмилалии C5+1 дар шаҳри Остона, ки бо ташаббуси Департаменти давлатии ИМА баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар доираи чорабинӣ мо экосистемаи стартапии Тоҷикистон, иқтидори технологии кишвар ва роҳҳалҳои инноватсионии стартапҳои ватаниро ба намояндагони ҷомеаи байналмилалӣ муаррифӣ намудем.

Иштирок дар чунин платформаҳои байналмилалӣ барои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.

Scroll to Top