Имрӯз роҳбарияти IT Park Dushanbe бо директор ва намояндагони ширкати байналмилалии TEIZA мулоқот баргузор намуд.
Зимни вохӯрӣ имкониятҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, блокчейн ва рушди технологияҳои инноватсионӣ баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди ташаббусҳои муштарак таъкид карданд.
