ҶДММ «маркази рушди зеҳни сунъӣ»
ҶДММ «Маркази рушди зеҳни сунъӣ» экосистема дар соҳаи зеҳни сунъӣ буда, таҳияи ҳалли AI (AI Factory) ва самти таълимӣ (AI Academy)-ро муттаҳид мекунад. Ширкат дар минтақаҳои MENA ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва АМА, фаъолият намуда, лоиҳаҳоро дар соҳаҳои Fintech, Tourism, Education, E-commerce ва Public Services амалӣ месозад. Дар доираи AI Factory агентҳои зеҳни сунъӣ барои беҳсозии таҷрибаи корбарон таҳия ва ҷорӣ карда мешаванд (ҷустуҷӯи зеҳнӣ, фардисозӣ, иҷрои фармонҳо), инчунин ассистентҳои таҳлилгар барои мониторинг ва тафсири нишондиҳандаҳои тиҷоратӣ.
AI Academy омодасозӣ, бозомӯзӣ ва рушди мутахассисонро дар соҳаҳои Data Analytics, Data Science ва Machine Learning таъмин менамояд. Дар ҳамгироӣ бо AI Academy, ширкат давраи пурраи кор бо зеҳни сунъиро ташаккул медиҳад — аз тайёр намудани мутахассисон то ҷорӣ намудани саноатии ҳалли AI, бо ин роҳ ба рушди экосистемаи минтақавии AI ва трансформатсияи рақамии ташкилотҳо мусоидат мекунад.
Фаъолият дар парк
- #12 – Таҳлил, лоиҳакашӣ ва таъминоти барномавии низоми иттилоотӣ, аз ҷумла, лоиҳакашӣ, таҳия ва татбиқ (аз ҷумла додани ҳуқуқи истифодаи таъминоти барномавӣ, додан (интиқоли)-и ҳуқуқи истисноӣ ба таъминоти барномавӣ)-и низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавӣ барои бозиҳои компютерӣ ва барои ҳама гуна барномаҳои заминавӣ.
- #13 – Фаъолият дар самти татбиқ, дастгирӣ, нигоҳдорӣ, истифодаи низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавӣ ё низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавии шахсони сеюм, ки бо иштироки субъектҳои паркҳои технологӣ истеҳсол карда мешаванд, татбиқи усулҳои инноватсионӣ барои таҳияи барномаҳои таълимӣ (омӯзишӣ) бо истифода аз низомоти иттилоотӣ ё таъминоти барномавӣ.
- #15 – Ташкили шабакаҳои нейронӣ ва алгоритмҳои дигар дар бахшҳои махсуси зеҳни сунъӣ ва амал баровардани натиҷаҳои ин фаъолият.
- #19 – Фаъолият оид ба лоиҳакашӣ, таҳия ва роҳандозии низомҳои таъминоти барномавӣ ва (ё) воситаҳои таъминоти барномавӣ-техникӣ дар асос ва (ё) истифодаи технологияи ҳисоббарории абрӣ (облачное вычисление), аз ҷумла барои нигоҳдории маълумот, таъсис додани махзани маълумот ва ҷойгиркунии таъминоти барномавӣ дар серверҳои абрӣ.
- #20 – Фаъолият вобаста ба барномасозӣ, аз ҷумла лоиҳакашӣ, таҳия, татбиқи воситаҳои таъминоти барномавӣ ва (ё) воситаҳои таъминоти барномавӣ-техникӣ дар асос ё истифодаи технологияҳои блокчейн.
- #21 – Фаъолият оид ба пешниҳоди хизматрасониҳо вобаста ба таҳия ва ҷойгиркунии дороиҳои рақамӣ бо истифода аз феҳристи блокҳои муомилот (блокчейн) ва технологияи дигари ҳаммонанд, аз ҷумла хизматрасониҳо оид ба пешбурди дороиҳои рақамӣ, машваратӣ ва хизматрасониҳои дигари марбута, фаъолият оид ба провайдерони хизматрасонии муомилоти дороиҳои рақамӣ, фаъолияти дигар вобаста ба дороиҳои рақамӣ, аз ҷумла дорои аломатҳои фаъол ияти касбӣ ва биржавӣ оид ба коғазҳои қиматнок, фаъолияти фонди сармоягузорӣ бо дарназардошти муқаррароти Низомномаи Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ.