ИП«Қодиров Шаҳбоз Шарифович»
ИП«Қодиров Шаҳбоз Шарифович»
AI School / AI Solution Lab — самти таълимӣ ва технологӣ буда, ба омода намудани мутахассисон, таҳияи маҳсулоти рақамии таълимӣ, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳияи амалии қарорҳои инноватсионӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ, Data Science, барномасозӣ, робототехника ва Internet of Things (IoT) тахассус дорад.
Самтҳои фаъолият
- омода намудани мутахассисони IT аз рӯи самтҳои зерин: Artificial Intelligence, Machine Learning, Data Science, Computer Vision, Deep Learning, BI Analytics, Robotics ва IoT;
- таҳия ва татбиқи платформаҳои LMS барои марказҳои таълимӣ;
- таҳия ва ҳамгироии системаҳои Smart Home;
- ҳамгироии сенсорҳо, микроконтроллерҳо ва дастгоҳҳои иҷрокунанда;
- сохтани системахо барои мониторинг ва автоматизатсия;
- корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ дар соҳаҳои AI, IoT ва технологияҳои рақамӣ;
- таҳияи барномаҳои инноватсионии таълимӣ ва технологӣ.
Фаъолият дар парк
- #1 – Фаъолияти илмию технологӣ, таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ.
- #9 - Тадқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, коркарди таҷрибавӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ (иҷрои корҳои таҳқиқотӣ ва лоиҳавӣ вобаста ба фаъолияти Парк) ва истифодаи натиҷаҳои чунин тадқиқот ва корҳои лоиҳавӣ. Тадқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, коркарди таҷрибавӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ (иҷрои корҳои таҳқиқотӣ ва лоиҳавӣ вобаста ба фаъолияти Парк) ва истифодаи натиҷаҳои чунин тадқиқот ва корҳои лоиҳавӣ.
- #14 - Ҷорӣ намудани объектҳои дахлдори моликияти зеҳнӣ барои инноватсия (навоварӣ) дар соҳаи саноат ва технологияи муосир.
- #15 - Ташкили шабакаҳои нейронӣ ва алгоритмҳои дигар дар бахшҳои махсуси зеҳни сунъӣ ва амал баровардани натиҷаҳои ин фаъолият.
- #17 - Таҳия ё марҳилаҳои алоҳидаи коркард (тадқиқот, лоиҳакашӣ (сохти таркибӣ), озмоиши техникӣ)-и технологияҳо, дастгоҳҳо ва низомоти мехатроника, системаҳои воридшуда, воситаҳои барномавию дастгоҳӣ, комплексҳои барномавию дастгоҳӣ, унсурҳо ва воситаҳои техникаи ҳисоббарорӣ ва ҷоринамоии натиҷаҳои чунин коркардҳо бо анҷом додани хизматрасонӣ доир ба коркарди онҳо дар истеҳсолот ё бидуни анҷом додани ин хизматрасониҳо.
- #18 - Таҳия ё марҳилаҳои алоҳидаи таҳия (тадқиқот, лоиҳакашӣ (сохти таркибӣ), намунасозӣ, озмоиш, озмоиши техникӣ), истеҳсоли маводди илмомӯзӣ, технологияҳо, дастгоҳҳо ва низомоти баландтехнологӣ, системаҳои воридшуда, воситаҳои барномавию дастгоҳӣ, маҷмуи барномавию дастгоҳӣ ва таъминоти барномавии бо онҳо мувофиқ, инчунин фурӯши маҳсулоти истеҳсолшуда ва (ё) натиҷаҳои коркард бо пешниҳоди хизматрасонӣ ҷиҳати азхудкунии онҳо дар истеҳсолот ва (ё) хизматрасониҳои вобаста ба истифодаи онҳо ё бидуни пешниҳоди ин хизматрасониҳо.
- #19 - Фаъолият оид ба лоиҳакашӣ, таҳия ва роҳандозии низомҳои таъминоти барномавӣ ва (ё) воситаҳои таъминоти барномавӣ-техникӣ дар асос ва (ё) истифодаи технологияи ҳисоббарории абрӣ (облачное вычисление), аз ҷумла барои нигоҳдории маълумот, таъсис додани махзани маълумот ва ҷойгиркунии таъминоти барномавӣ дар серверҳои абрӣ.