Дар ҳошияи форум намояндагони IT Park Dushanbe беш аз 60 вохӯрӣ ва музокиротро бо намояндагони соҳаи технологияҳои иттилоотии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла ИМА 🇺🇸, Британияи Кабир 🇬🇧, Туркия 🇹🇷, Эрон 🇮🇷, Ӯзбекистон 🇺🇿, Амороти Муттаҳидаи Араб 🇦🇪, Покистон 🇵🇰, Ҳиндустон 🇮🇳 ва дигар кишварҳо баргузор намуданд.
Ин форум ба майдони нодири табодули таҷриба дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, инчунин таҳкими робитаҳои шарикии байналмилалӣ табдил ёфт.
Ба ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии IT Park Dushanbe инчунин резидентҳои IT Park Dushanbe — намояндагони фаъоли экосистемаи стартапии кишвар шомил буданд.
Мо бо итминон ба пеш ҳаракат намуда, иқтидори инноватсиониро рушд медиҳем ва ба пешрафти соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар минтақа мусоидат менамоем.
