Меҳмонон бо инфрасохтори IT Park Dushanbe шинос шуда, инчунин дар бораи шартҳои резидентӣ барои ширкатҳои хориҷӣ маълумоти муфассал гирифтанд. Резидентҳои парк – стартапҳо – лоиҳаҳои худро муаррифӣ намуданд. Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва созанда баргузор шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои рушди ҳамкориҳои минбаъда ва барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ изҳор намуданд.