IT Park Dushanbe мизбони нишасти «Рақамикунонӣ ва технологияҳои нав»

Нишасти панелӣ ҳамчун майдони муҳими мубодилаи таҷриба, баррасии ташаббусҳои пешрафта дар соҳаи IT ва иқтисоди рақамӣ хизмат намуд. Иштирокчиён аз кишварҳои узви СҲШ масъалаҳои рушди малакаҳои рақамии ҷавонон, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои маориф, шуғл, амнияти рақамӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалиро баррасӣ карданд.

Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба рушди экосистемаи IT дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии стартапҳо ва соҳибкории ҷавонон равона гардид. Дар ҷараёни нишаст, субъектони IT Park Dushanbe низ бо муаррифии лоиҳаҳои технологии худ баромад намуданд.

Сатҳи баланди баргузории чорабинӣ бо дастгирии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардид, ки аҳамияти стратегии рушди рақамикунониро дар сиёсати давлатии ҷавонон таъкид менамояд.

Форум ҳамчун платформаи муҳими байналмилалӣ барои муттаҳидсозии ҷавонон ҷиҳати таҳияи роҳҳалҳои муштарак дар шароити рақамикунонӣ ва рушди устувор хизмат намуд.

Scroll to Top