Дар доираи конференсияи ЭСКАТО ҳайатҳои кишварҳои гуногун Astana Hub-ро дидан намуданд

imggg

Дар доираи иштироки худ дар Конференсияи вазирони кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба ҳамгироӣ ва табдилоти рақамӣ, ҳайати IT Park Душанбе якҷоя бо намояндагони кишварҳои дигар ба Astana Hub — бузургтарин технопарки инноватсионии Осиёи Марказӣ ташриф оварданд.

Зимни боздид, директори генералии Astana Hub Магжан Мадиев гаштугузор (экскурсия) доир намуда, дар бораи дастовардҳои экосистемаи IT-и Қазоқистон, фаъолияти технопарк ва дастгирии стартапҳо маълумот дод. Ҳайати IT Park Душанбе бо намунаҳои муваффақи ширкатҳои резидентии технопарк, ки зиёда аз 1500 ширкати IT, аз ҷумла беш аз 400-тои он бо иштироки сармояи хориҷист, шинос гардиданд.

Astana Hub ба резидентҳояш шароити махсус, аз ҷумла имтиёзҳои андозӣ ва раводид, барномаҳои таълимӣ, дастгирии инфрасохторӣ ва сармоягузориро пешниҳод мекунад. Аз замони ба кор даромадани технопарк дар соли 2018 ҳаҷми содироти IT-и ширкатҳои он ба $819 млн расида, сармоягузориҳои ҷалбшуда аз ₸274,6 млрд зиёд шуданд.

astana

Боздиди Astana Hub барои IT Park Душанбе имконияти гаронбаҳое гашт, ки таҷрибаи пешқадам дар ташаккул ва густариши экосистемаи IT-ро омӯзад, робитаҳо бо шарикони байналмилалиро тақвият бахшад ва донишу таҷриба мубодила намояд. Ҳайат инчунин дурнамои ҳамкорӣ, аз ҷумла ҷалби сармоягузорӣ ва дастгирии стартапҳоро дар Тоҷикистон баррасӣ кард.

Конференсия, ки аз ҷониби ЭСКАТО СММ ва Вазорати рушди рақамии Қазоқистон ташкил шудааст, зиёда аз 400 нафар намояндагон аз 30 кишвари ҷаҳонро ҷамъ овард. Иштирок дар чунин чорабинии муҳим мавқеи IT Park Душанберо ҳамчун бозигари калидӣ дар рушди соҳаи IT дар Тоҷикистон таҳким мебахшад.

astana1

Scroll to Top