35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

IT Park Dushanbe тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамояд!

Истиқлолият — пояи устувори давлатдорӣ, ваҳдат, созандагӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Имрӯз мо бо ифтихор барои бунёди ояндаи рақамӣ, рушди технологияҳои муосир, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва таҳкими экосистемаи инноватсионии кишвар саҳм мегузорем.

Бигзор Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша ободу пешрафта бошад ва насли ҷавони кишвар бо илму дониш, технология ва соҳибкории созанда дар рушди Ватани азиз саҳми арзанда гузорад.

35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Поянда бод Истиқлолият!

Пешрафта бод Тоҷикистони азиз!

Scroll to Top