4 сентябри соли 2026 дар бинои IT Park Dushanbe ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таҳлилгари масоили сиёсиву таърихӣ, номзади илмҳои сиёсӣ Абдуллоҳи Раҳнамо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қабл аз оғози ҳамоиш дар Оромгоҳи «Лучоб» ба хотири гиромидошти фарзандони барӯманди миллат Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад гулчанбар гузошта шуд.
Зимни ҳамоиш нақши Истиқлолияти давлатӣ дар рушди соҳаи алоқа, пешбурди инноватсия ва татбиқи технологияҳои рақамӣ, инчунин аҳамияти ин самтҳо дар таҳкими рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки таҳти роҳбарии дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои устувори таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, рушди инфрасохтори алоқа ва ворид намудани технологияҳои муосир ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фароҳам оварда шудаанд.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омили асосии ҳифзи давлатдории миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Дар идомаи ҳамоиш кормандони фаъолу пешсафи соҳа барои саҳми арзанда дар рушди соҳа ва фаъолияти самаранок бо мукофотҳои соҳавӣ, аз ҷумла ифтихорнома ва сипосномаҳои Хадамоти алоқа, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд.





