Вохӯрии роҳбарияти IT Park Dushanbe бо намояндагони Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон ва ширкати байналмилалии Boston Consulting Group

Имрӯз дар IT Park Dushanbe вохӯрии роҳбарияти Парки технологӣ бо намояндагони Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) ва ширкати байналмилалии Boston Consulting Group (BCG) баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар самти зеҳни сунъӣ (AI), рушди технологияҳои муосир, дастгирии стартапҳо ва таҳкими экосистемаи инноватсионӣ баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои минбаъда, мубодилаи таҷриба ва дониш, истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ ва таҳияи ташаббусҳои муштарак дар самти зеҳни сунъӣ ва рушди экосистемаи стартапҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Ин ҳамкорӣ ба рушди соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаи байналмилалӣ ва фароҳам овардани заминаҳои нав барои рушди инноватсия ва соҳибкории технологӣ мусоидат хоҳад кард.

Scroll to Top