Имрӯз ҷаласаи Шурои машваратии назди IT Park Dushanbe баргузор гардид, ки дар доираи он аризаҳои ширкатҳои соҳаи технологияҳои иттилоотӣ барои гирифтани мақоми субъекти IT Park Dushanbe баррасӣ шуданд.
Дар натиҷаи ҷаласа қабули 9 ширкати нав ба ҳайси субъект тасдиқ гардида, номи онҳо ба Феҳристи ягонаи резидентҳои IT Park Dushanbe ворид карда шуд.
Ба субъектони нав дар татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, рушди устувори фаъолияти онҳо ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас комёбиҳо орзумандем!
