ҶДММ «Технологияҳои Зеҳни сунъи»

ҶДММ “Технологияҳои зеҳни сунъи”— ширкати SaaS мебошад, ки ба зеҳни сунъии генеративӣ (AI) тахассус дорад ва дар истифодаи додаҳои синтетикӣ барои беҳтарсозии идоракунии хавфҳо дар муассисаҳои молиявӣ пешсаф аст. Ин ширкат дар Донишгоҳи Стэнфорд таъсис ёфта, модели инноватсионии зеҳни сунъии генеративӣ — zGAN-ро таҳия кардааст, ки ба устувории қарорҳои макроиқтисодӣ мусоидат мекунад.

Афзалияти рақобатӣ

Афзалияти асосии zypl.ai — технологияе мебошад, ки худи ширкат таҳия кардааст, яъне zGAN, ки додаҳои синтетикиро барои оптимизатсияи кори моделҳои AI тавлид мекунад. Ин технология имкон медиҳад:

  • Моделҳоро зери фишор санҷидан (stress-testing), аз ҷумла бо сенарияҳои фавқулода («қӯи сиёҳ»), то устувории онҳо таъмин гардад.
  • Баланд бардоштани дақиқӣ ва боэътимодии қарорҳо дар бахши молиявӣ.

Ин технология дар платформаи корпоративии Lucid татбиқ шудааст, ки ҳалли бисёрсамтаро пешниҳод мекунад:

  • Скоринги қарзӣ.
  • Ошкорсозии қаллобӣ.
  • Мониторинги муомилот (транзаксияҳо).
  • Пешгӯии раванди ситонидан (қарз).

Муваффақияти байналмилалӣ

Технологияҳои zypl.ai аз ҷониби зиёда 60 муассисаи молиявӣ дар 20 кишварҳои ҷаҳон бомуваффақият истифода мешаванд. Ҳалли ширкат ба автоматизатсияи равандҳои қарздиҳӣ ҳам барои муштариёни чакана ва ҳам барои тиҷорати хурду миёна мусоидат мекунад.

Сармоягузорӣ ва ҳузури глобалӣ

Бо дастгирии сармоягузорон, аз ҷумла Commercial Bank International, Tumar Venture Fund (бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ) ва Plug & Play, ширкат дорои инҳост:

  • Идораи марказӣ дар Маркази байналмилалии молиявии Дубай (DIFC).
  • Ширкати фаръӣ дар Қазоқистон, ки резиденти Astana Hub мебошад.
  • Дастаи байналмилалӣ зиёда аз 50 мутахассис.

Ширкати zypl.ai ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадамро идома дода, ба тағйирёбии бахши молиявӣ ва рушди ҳалли устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Фаъолият дар парк

Scroll to Top