Вохӯрии директори Агентӣ бо намояндаи ширкати «Silkroad Angels Club»

14 феврали соли 2025 вохӯрии директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо намояндаи ширкати «Silkroad Angels Club» Асет Абдуалиев баргузор гардид.
Ширкати «Silkroad Angels Club» клуби пӯшида барои сармоягузорон буда, ба аъзоёни худ имкони дастрасӣ ба стартапҳои ҷолибро дар марҳилаҳои аввал дар водии Силикон (шаҳри Сан-Франсискои иёлоти Калифорнияи Амрико) медиҳад.
img
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкороиҳо дар самти ҷалби сармояи венчурӣ, рушди стартапҳо ва инноватсия, фаъолияти паркҳои технологӣ, имконияти истифодаи зеҳни сунъӣ, вазъи имрӯза ва дурнамои самтҳои қобили таваҷҷуҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо ҷиҳати рушд додани зеҳни сунъӣ дар минтақа табодули андеша карданд.
img
Scroll to Top