
3-юми марти соли 2025 мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар Тоҷикистон, ҷаноби Ко Сакамото баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муҳимм табодули назар намуданд. Зикр гардид, ки Бонки Осиёии Рушд таҳияи “Стратегияи ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро барои солҳои 2026-2030” идома дода истодааст. Дар ин замина пешниҳод гардид, ки рушди соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи муҳимми ин стратегия пешбинӣ гардад.
Ҳамзамон, ба аҳаммияти ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, тавсеаи ҳамкориҳо ва татбиқи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар ин самт таъкид карда шуд.