ҶСП «вакили хушманд»
- +992 909 28 99 99
- alisher.abdulloev@oci.tj
Пеш аз ҳама бояд қайд намоем, ки бо мақсади тезонидани гузариш аз усулҳои анъанавии кори ба трансформатсияи рақамӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025 – 2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд» эълон намудаанд. Дар ҳамин марҳилаи рақамикунонӣ Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистааст дастрасии васеъи шаҳрвандонро ба хизматрасониҳои давлатӣ, содагардонии раванди муроҷиатҳо ва баланд бардоштани шаффофияти хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ таъмин намояд.
Дар шароити имрӯза IT-Park Dushanbe, маркази калидии рушд ва инкишофи ширкатҳои технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки барои дастгирии стартапҳо ва соҳибкории инноватсионӣ, амалӣ намудани масъалаҳои рақамӣ дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти киберӣ, васеъ намудани фаъолият дар соҳаи иқтисоди рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва рушди экосистемаҳои инноватсионӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои интегратсияи рақамӣ ва потенсиали инсонии мамлакат равона карда шудааст.
ҶСП «Вакили Хушманд» соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шуда, субъекти нави IT-Park Dushanbe ба ҳисоб меравад. Бо дастгирии маъмурияти IT-Park Dushanbe ширкати мо нақша дорад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи таҳия ва татбиқи барномаҳои иттилоотиро рушд диҳад ва маҷмӯи васеъи хизматрасониҳоро пешниҳод намояд. Соҳаи асосии фаъолияти мо таҳия, татбиқ ва хизматрасонии нармафзор, инчунин таҳия ва истеҳсоли воситаҳои барномавӣ-техникӣ дар асоси технологияҳои нави иттилоотӣ мебошад.
Миннатдории махсусро ба маъмурияти IT-Park Dushanbe ва роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медорем, барои:
– ташкили босифати инфаструктура ва хизматрасонӣ;
– ҳалли фаврии масъалҳо ва муносибати касбӣ дар ҳамкориҳо;
– муҳайё намудани фазои мусоид барои мубодилаи таҷриба ва ҳамкориҳо байни резидентон.
Роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Вакили Хушманд» миннатдории самимӣ барои дастгириҳои доимӣ ва муҳаё намудани шароит барои рушди IT-ҷомеа ва амаль гардонидани лоиҳаҳои инноватсионӣ изҳор менамояд.
фаъолият дар парк
- #12 – Таҳлил, лоиҳакашӣ ва таъминоти барномавии низоми иттилоотӣ, аз ҷумла, лоиҳакашӣ, таҳия ва татбиқ (аз ҷумла додани ҳуқуқи истифодаи таъминоти барномавӣ, додан (интиқоли)-и ҳуқуқи истисноӣ ба таъминоти барномавӣ)-и низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавӣ барои бозиҳои компютерӣ ва барои ҳама гуна барномаҳои заминавӣ.
- #13 – Фаъолият дар самти татбиқ, дастгирӣ, нигоҳдорӣ, истифодаи низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавӣ ё низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавии шахсони сеюм, ки бо иштироки субъектҳои паркҳои технологӣ истеҳсол карда мешаванд, татбиқи усулҳои инноватсионӣ барои таҳияи барномаҳои таълимӣ (омӯзишӣ) бо истифода аз низомоти иттилоотӣ ё таъминоти барномавӣ.
- #19 – Фаъолият оид ба лоиҳакашӣ, таҳия ва роҳандозии низомҳои таъминоти барномавӣ ва (ё) воситаҳои таъминоти барномавӣ-техникӣ дар асос ва (ё) истифодаи технологияи ҳисоббарории абрӣ (облачное вычисление), аз ҷумла барои нигоҳдории маълумот, таъсис додани махзани маълумот ва ҷойгиркунии таъминоти барномавӣ дар серверҳои абрӣ.
- #20 – Фаъолият вобаста ба барномасозӣ, аз ҷумла лоиҳакашӣ, таҳия, татбиқи воситаҳои таъминоти барномавӣ ва (ё) воситаҳои таъминоти барномавӣ-техникӣ дар асос ё истифодаи технологияҳои блокчейн.