ҶДММ «софт технология»
ҶДММ “СОФТ ТЕХНОЛОГИЯ” ширкатест, ки дар соҳаи системаҳои иттилоотӣ барои корхонаҳои хусусӣ ва мақомотҳои давлатӣ хидматҳои системаҳои иттилоотӣ мерасонад.
Доираи фаъолияти ширкат
Таҳия ва татбиқи системаҳои иттилоотии корпоративӣ (Enterprise Information System) барои автоматикунонии равандҳои тиҷоратӣ, идоракунии захираҳо, беҳтар кардани ҳамкорӣ ва ҷамъоварӣ ва ва таҳлили маълумот дар корхонаҳо ва мақомотҳои давлатӣ:
- Системаи банақшагирии идоракунии корхона
- Идоракунии равандҳои тиҷоратӣ
- Идоракунии ҳуҷҷатҳои электронӣ
- Системаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ
- Ҳамгироии системаҳо ва таҳлили тиҷоратӣ
- Идоракунии лоиҳаҳо
- Системаи идоракунии захираҳои корпоративӣ
- Таҳия ва эҷоди порталҳо ва вебсомонаҳои корпоративӣ
Хизматрасониҳои ширкат
- ИТ – аудит ва таҳияи тавсияҳо оид ба рақамикунонӣ
- Таҳия ва татбиқи системаҳои иттилоотӣ
- Дастгирии техникӣ
- Курсҳо ва семинарҳои омӯзишӣ
- Таъмини амнияти иттилоот
Фаъолият дар парк
- #11 – Таҳия ва татбиқи усулҳои инноватсионии коркарди технологияҳои рақамӣ.
- #12 – Таҳлил, лоиҳакашӣ ва таъминоти барномавии низоми иттилоотӣ, аз ҷумла, лоиҳакашӣ, таҳия ва татбиқ (аз ҷумла додани ҳуқуқи истифодаи таъминоти барномавӣ, додан (интиқоли)-и ҳуқуқи истисноӣ ба таъминоти барномавӣ)-и низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавӣ барои бозиҳои компютерӣ ва барои ҳама гуна барномаҳои заминавӣ.
- #13 – Фаъолият дар самти татбиқ, дастгирӣ, нигоҳдорӣ, истифодаи низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавӣ ё низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавии шахсони сеюм, ки бо иштироки субъектҳои паркҳои технологӣ истеҳсол карда мешаванд, татбиқи усулҳои инноватсионӣ барои таҳияи барномаҳои таълимӣ (омӯзишӣ) бо истифода аз низомоти иттилоотӣ ё таъминоти барномавӣ.
- #19 – Фаъолият оид ба лоиҳакашӣ, таҳия ва роҳандозии низомҳои таъминоти барномавӣ ва (ё) воситаҳои таъминоти барномавӣ-техникӣ дар асос ва (ё) истифодаи технологияи ҳисоббарории абрӣ (облачное вычисление), аз ҷумла барои нигоҳдории маълумот, таъсис додани махзани маълумот ва ҷойгиркунии таъминоти барномавӣ дар серверҳои абрӣ.