ҶДММ «ШЕДЕВР»
- +992 900 099 099
- info@shedevr.com
ҶДММ «ШЕДЕВР» — ширкати технологиии IT мебошад, ки зиёда аз 17 сол таҷриба дар соҳаи таҳия ва татбиқи маҳсулоти рақамӣ, низомҳои иттилоотӣ ва платформаҳои инноватсионӣ дорад. Ширкат дар ҳамбастагии технология, дизайн ва автоматизатсия фаъолият намуда, барои сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ ҳалли муосири рақамиро пешниҳод менамояд. Худи номи ширкат — ҶДММ «ШЕДЕВР» — моҳияти афзалияти асосии онро инъикос мекунад, яъне иҷрои касбӣ ва босифати корҳо.
Аз соли 2007 инҷониб дастаи ҶДММ «ШЕДЕВР» лоиҳаҳоро дар самти рақамисозӣ, таҳияи платформаҳо ва веб-сомонаҳо, низомҳои CRM ва ERP, хизматрасониҳои абрӣ, ҳаллиҳо дар асоси зеҳни сунъӣ (AI) ва маҳсулоти миллии IT амалӣ менамояд. Ширкат лоиҳаҳоро дар ҳамаи марҳилаҳо — аз таҳлил ва тарҳрезии меъморӣ то татбиқ, густариш ва дастгирии техникӣ — ҳамроҳӣ мекунад.
Дар портфели ҶДММ «ШЕДЕВР» лоиҳаҳо барои ташкилотҳои байналмилалӣ (UNDP, EBRD, GIZ, JICA, Mercy Corpsm IOM), сохторҳои давлатӣ ва ширкатҳои хусусӣ мавҷуданд. Самти алоҳидаи фаъолияти ширкат таҳияи маҳсулоти содиротӣ ва ҳаллиҳои SaaS, инчунин хизматрасониҳо бо модели даромади мунтазам мебошад.
Самтҳои асосии тахассуси ширкат:
- таҳияи платформаҳои рақамӣ, веб-барномаҳо ва веб-сомонаҳо;
- тарҳрезӣ ва татбиқи низомҳои CRM, ERP, LMS ва биллинг;
- таҳияи ҳаллиҳо дар асоси зеҳни сунъӣ, шабакаҳои нейронӣ ва таҳлили зеҳнӣ;
- хизматрасониҳои абрӣ, хостинг, доменҳо, инфрасохтори серверӣ ва DevOps;
- автоматизатсияи равандҳои бизнесӣ ва давлатӣ;
- UX/UI-дизайн, меъмории рақамӣ ва равиши маҳсулотӣ;
- дастгирӣ, ҳамроҳӣ ва рушди низомҳои IT.
ҶДММ «ШЕДЕВР» дорои инфрасохтори технологии худ мебошад, ки таҳия, иқтидори серверӣ, хизматрасониҳои абрӣ ва платформаҳои дохилии идоракуниро дар бар мегирад. Ширкат дар ташаббусҳои омӯзишӣ, менторӣ ва иҷтимоӣ фаъолона иштирок намуда, рушди мутахассисони соҳаи IT ва шаклҳои фарогири шуғлро дастгирӣ мекунад.
Инчунин ширкат ҳамчун бақайдгирандаи аккредитатсияшудаи номҳои доменӣ дар минтақаи .TJ фаъолият дошта, дорои майдони медиавии худ — «Сливки Медиа» мебошад. Ин имкон медиҳад, ки ба муштариён давраи пурраи ҳузури рақамӣ пешниҳод карда шавад — аз бақайдгирии домен ва сохтани инфрасохтори техникӣ то пешбурд, иртиботот ва ташаккули бренди шинохташаванда дар муҳити рақамӣ.
Рисолати ширкат — эҷоди ҳаллиҳои устувор ва қобили густариши рақамӣ мебошад, ки самаранокии фаъолияти ташкилотҳоро баланд бардошта, ба рушди иқтисоди рақамӣ ва ташаккули экосистемаи инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Фаъолият дар ИТ-парк
- #11 – Таҳия ва татбиқи усулҳои инноватсионии коркарди технологияҳои рақамӣ.
- #12 – Таҳлил, лоиҳакашӣ ва таъминоти барномавии низоми иттилоотӣ, аз ҷумла, лоиҳакашӣ, таҳия ва татбиқ (аз ҷумла додани ҳуқуқи истифодаи таъминоти барномавӣ, додан (интиқоли)-и ҳуқуқи истисноӣ ба таъминоти барномавӣ)-и низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавӣ барои бозиҳои компютерӣ ва барои ҳама гуна барномаҳои заминавӣ.
- #13 – Фаъолият дар самти татбиқ, дастгирӣ, нигоҳдорӣ, истифодаи низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавӣ ё низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавии шахсони сеюм, ки бо иштироки субъектҳои паркҳои технологӣ истеҳсол карда мешаванд, татбиқи усулҳои инноватсионӣ барои таҳияи барномаҳои таълимӣ (омӯзишӣ) бо истифода аз низомоти иттилоотӣ ё таъминоти барномавӣ.
- #15 – Ташкили шабакаҳои нейронӣ ва алгоритмҳои дигар дар бахшҳои махсуси зеҳни сунъӣ ва амал баровардани натиҷаҳои ин фаъолият.
- #19 – Фаъолият оид ба лоиҳакашӣ, таҳия ва роҳандозии низомҳои таъминоти барномавӣ ва (ё) воситаҳои таъминоти барномавӣ-техникӣ дар асос ва (ё) истифодаи технологияи ҳисоббарории абрӣ (облачное вычисление), аз ҷумла барои нигоҳдории маълумот, таъсис додани махзани маълумот ва ҷойгиркунии таъминоти барномавӣ дар серверҳои абрӣ.