IT - Park
IT Park — платформаи динамикӣ барои оғоз ва ба бозор баровардани стартап-лоиҳаҳои ояндадор дар минтақаҳои озоди иқтисодии экстерриториалӣ барои IT -ширкатҳо мебошад. Маконе, ки нафарони фаъол ва боистеъдод дар соҳаи IT имкони воқеӣ барои ғояҳои худро ба лоиҳаҳои муваффақи тиҷоратӣ бо дастгирии дар бахшҳои баҳисобгирӣ, ҳуқуқ, маркетинг ва таълим табдил додан, пайдо мекунанд.


Резидентҳо
IT Park — шарики боэътимоди шумо, ки манфиатҳои резидентҳоро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи соҳибкорон намояндагӣ мекунад. Мо ташаббусҳои шуморо дастгирӣ намуда, дар ҷалби сармоягузорӣ ва таъмини рушди устувор саҳм мегузорем. Ба дастаи мо ҳамроҳ шавед, то аз тамоми имкониятҳои экосистемаи технологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди тиҷорат ва муваффақияти худ истифода баред.
Рисолати мо

Мо ба стандартҳои баланди сифат ва касбият пайравӣ мекунем, то рушди Ватан ва пешрафти устувори онро таъмин намоем.

Мо ҳамкории самаранок ва рушди пайвастаро арзишманд мешуморем, ҳамзамон барои такмил ва пешрафти ҳар як узви даста кӯмак мерасонем.

Мо ба татбиқи ҳалли инноватсионӣ равона буда, муниси ҷомеа ва ҳифзи муҳити зист ҳастем.
Арзишҳои мо

Ҳалли инноватсионии мо ба рушди кишвар ва баланд бардоштани сифати зиндагии ҳамватанонамон мусоидат мекунад.

Мо муносибатҳои устувори шарикие,
ки ба эътимод ва ҳамкорӣ асос ёфтаанд, барпо менамоем.

Дастгирӣ ва рушди ҳар як узви тим калиди муваффақияти
умумии мост.
Нигоҳи мо

Мо ҳалли пешрафтаи технологиро
эҷод мекунем, ки самтҳои навро дар рушди тиҷорат ва ҷомеа ба вуҷуд меорад.

Таҳияҳои пешрафтаи мо рушди устувор ва имкониятҳои навро дар соҳаҳои гуногун таъмин намуда, дар пешрафти Тоҷикистон мусоидат мекунанд.

Мо талош дорем бо истифода аз технологияҳои муосир соҳаҳои муҳимро рушд дода, сифати зиндагиро беҳтар созем.
Инфрасохтор
IT Park Dushanbe инфрасохтори муосирро, ки барои дастгирии стартапҳои технологӣ ва ширкатҳои IT эҷод шудааст, пешниҳод мекунад. Парки мазкур бо интернети баландсуръат, дафтарҳои кории замонавӣ ва озмоишгоҳҳо барои таҳқиқот ва коркард таҷҳизонида шудааст. Иштирокчиён ба толорҳои конфронсӣ, корбарии умумӣ (коворкингҳо) ва марказҳои инноватсионӣ барои кор ва муошират бо ҳамкасбон дастрасӣ доранд.

Ба мо ҳамроҳ шавед
Дар ин ҷо мо хоҳони дидори шахсони ҳадафманд ва дорои малакаҳои баланди муошират, ки арзишҳои моро якдилона дастгирӣ менамоянд!