Резидентҳо

Бунёди ояндаи Тоҷикистон тавассути инноватсия ва технологияи нав

Ширкатҳои IT ва муассисаҳои таълимӣ, ки резиденти IT Park мешаванд, метавонанд аз як қатор манфиатҳои зерин истифода баранд:

ico
Озод шудан аз ҳама гуна андозҳо,
ба истиснои 6% андози даромад
ва 1% андози иҷтимоӣ
0 %
ico
Дастгирӣ ва кӯмак дар
дар ҷустуҷӯи сармоягузорон
ва маблағгузорӣ
0 %
ico
Озод шудан аз андоз аз арзиши
иловашуда ва боҷи гумрукӣ
барои таҷҳизоти инноватсионӣ
0 %
ico
Самтҳои фаъолияти резидентҳо
0

Муфассал дар бораи афзалият ва имтиёзҳо барои резидентҳои IT-Park Душанбе

Феҳристи ягонаи резидентҳо

ico1

Дастрасӣ ба интернети баландсуръат

ico2

Ҳуҷраҳои таҷҳизонидашуда барои гуфтушунид

ico3

Майдончаҳои истироҳатӣ ва маркази корбарии умумӣ

ico4

Сабукиҳои андоз

ico5

Инфрасохтор

ico6

Муҳофизат ва бехатарӣ

Талабот барои гирифтани мақоми
резиденти IT-Park Dushanbe

 * Ҳуҷҷатҳо бояд бо забони давлатӣ пешниҳод гарданд. Дар ҳолати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳо бо забонҳои дигар, ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда бояд тибқи тартиби муқарраршуда ба забони давлатӣ тарҷума ва ба тартиби нотариалӣ тасдиқ карда шаванд.

  1. Фаъолияти илмӣ-техникӣ, тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ.

  2. Фаъолияти илмӣ-техникӣ ва технологияҳои инноватсионӣ.

  3. Таҳия, истеҳсол ё татбиқи технологияҳои инноватсионӣ барои тадқиқоти сейсмикӣ ва сейсмологӣ.

  4. Таҳия, истеҳсол ё татбиқи технологияҳои кайҳонӣ.

  5. Таҳия, истеҳсол ё татбиқи технологияҳои нав дар соҳаи электроника.

  6. Таҳия, истеҳсол ё татбиқи технологияҳои нав дар соҳаи робототехника.

  7. Таҳия, истеҳсол ё татбиқи нанотехнологияҳо.

  8. Таҳия, истеҳсол ё ҷорӣ намудани технология (таҷҳизот) барои таҳқиқи селлюлозаи растанӣ.

  9. Тадқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, таҳияҳои таҷрибавӣ дар соҳаи илмҳои табиӣ ва техникӣ (иҷрои корҳои тадқиқотӣ ва лоиҳавӣ, вобаста ба фаъолияти Парк) ва истифодаи натиҷаҳои чунин тадқиқот ва корҳои лоиҳавӣ.

  10. Таҳия ва татбиқи усулҳои инноватсионӣ дар соҳаи туризм (экотуризм, геотуризм).

  11. Таҳия ва татбиқи усулҳои инноватсионии коркарди технологияҳои рақамӣ.

  12. Таҳлил, тарроҳӣ ва таъминоти барномавии системаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла тарроҳӣ, таҳия, татбиқ (инчунин пешниҳоди ҳуқуқи истифодаи таъминоти барномавӣ ва додани ҳуқуқҳои истисноӣ ба таъминоти барномавӣ) барои системаҳои иттилоотӣ, барномаҳои бозиҳои компютерӣ ва барои ҳар гуна платформаҳо.

  13. Фаъолият оид ба татбиқ, дастгирӣ, нигоҳдорӣ, истифодаи системаҳои иттилоотӣ, таъминоти барномавӣ ё системаҳои иттилоотии таҳияшуда бо иштироки субъектҳои технопарк; татбиқи усулҳои инноватсионӣ барои таҳияи барномаҳои таълимӣ бо истифодаи системаҳои иттилоотӣ.

  14. Татбиқи объектҳои дахлдори моликияти зеҳнӣ барои инноватсияҳо дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир.

  15. Эҷоди шабакаҳои нейронӣ ва дигар алгоритмҳо дар соҳаҳои махсуси зеҳни сунъӣ ва татбиқи натиҷаҳои ин фаъолият.

  16. Таҳия ё марҳилаҳои ҷудогонаи таҳия (тадқиқот, тарроҳӣ, озмоишҳои техникӣ) маводҳо, технологияҳо, дастгоҳҳо ва системаҳои микро-, опто- ва наноэлектроника, микро-электромеханика ва татбиқи натиҷаҳои чунин корҳо, инчунин татбиқи корҳои таҳияшуда аз ҷониби субъекти Парк дар маводҳо, технологияҳо, таҷҳизот ва системаҳои микро-, опто- ва наноэлектроника, микро-электромеханика ва таъминоти барномавӣ.

  17. Таҳия ё марҳилаҳои ҷудогонаи коркард (тадқиқот, тарроҳӣ (лоиҳакашӣ), озмоишҳои техникӣ) технологияҳо, дастгоҳҳо ва системаҳои мехатроника, системаҳои муттаҳидшуда, воситаҳои барномавӣ-техникӣ, маҷмааҳои барномавӣ-техникӣ, ҷузъҳо ва воситаҳои техникаи ҳисоббарорӣ ва татбиқи натиҷаҳои чунин таҳияҳо тавассути пешниҳоди хизматрасонӣ дар таҳияи онҳо дар истеҳсолот ё бидуни пешниҳоди ин хизматрасонӣ.

  18. Таҳия ё марҳилаҳои алоҳидаи таҳия (таҳқиқот, лоиҳакашӣ (конструктсия), намунасозӣ, озмоишҳо, санҷишҳои техникӣ), истеҳсоли маводи илмбардоранда, технологияҳо, дастгоҳҳо ва системаҳои илмбардоранда, системаҳои дарунсохт (интегратсионӣ), воситаҳои барномавӣ-техникӣ, маҷмӯаҳои барномавӣ-техникӣ ва нармафзори мувофиқ ба онҳо, инчунин татбиқи маҳсулоти истеҳсолшуда ва (ё) натиҷаҳои таҳияҳо бо пешниҳоди хидматҳо барои азхудкунии онҳо дар истеҳсолот ва (ё) хидматҳо, ки бо истифодаи онҳо марбутанд, ё бидуни пешниҳоди ин хизматрасониҳо.

  19. Фаъолият дар самти лоиҳакашӣ, таҳия ва татбиқи системаҳои нармафзор ва (ё) воситаҳои барномавӣ-техникӣ, бо истифода аз технологияҳои ҳисоббарории абрӣ, аз ҷумла барои нигоҳдории маълумот, эҷоди пойгоҳи маълумотҳо ва ҷойгиркунии нармафзор дар серверҳои абрӣ.

  20. Фаъолият дар соҳаи барномасозӣ, аз ҷумла тарроҳӣ, таҳия, татбиқи таъминоти барномавӣ ва (ё) воситаҳои барномавӣ-техникӣ бо истифода ё дар асоси технологияҳои блокчейн.

  21. Фаъолият оид ба пешниҳоди хизматрасонӣ, ки ба таҳия ва ҷойгиркунии дороиҳои рақамӣ бо истифода аз реестри блокҳои транзаксияҳо (блокчейн) ва дигар технологияҳои шабеҳ, аз ҷумла хизматрасониҳои пешбарии дороиҳои рақамӣ, консалтинг ва дигар хизматрасониҳои ҳамроҳкунанда, фаъолияти провайдерҳои хизматрасонӣ барои транзаксияҳои дороиҳои рақамӣ, дигар фаъолият бо истифодаи дороиҳои рақамӣ, аз ҷумла бо нишонаҳои фаъолияти касбӣ ва фондии қиматноки коғазӣ, фаъолияти фондҳои сармоягузорӣ бо дарназардошти муқаррароти Низомномаи Парки технологӣ.

  22. Таҳия, нигоҳдорӣ, истифода ва татбиқи системаҳои идоракунии дронҳо.

РЕЗИДЕНТ ШУДАН

Пеш аз пур кардани дархост барои гирифтани мақоми резидент, хоҳиш мекунем бо талабот шинос шавед







    Иҷораи коргоҳ

    Scroll to Top