LLC «QULLA INNOVATION»

ҶДММ «Қуллаи инноватсия», ҳамчун намояндаи QullaAI Ltd., аз 4 июни соли 2025 расман фаъолияти худро дар Тоҷикистон оғоз намуда, ба ҳайси яке аз пешсафони соҳаи инноватсияҳои технологӣ ва истеҳсоли дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин фаъолият мекунад. Фаъолияти асосии ширкат тарҳрезӣ, прототипсозӣ, истеҳсоли силсилавӣ ва воридсозии технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) ва диди компютерӣ (Computer Vision) ба дастгоҳҳои бесарнишин, инчунин ташкили мактаби миллӣ оид ба дронҳо ва тарбияи мутахассисони баландихтисосро дар бар мегирад.​

«Қуллаи инноватсия» бо як қатор сохторҳои давлатӣ Ёддоштҳои тафоҳум ва созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба истеҳсоли дастгоҳҳои бесарнишини пилотӣ ва саноатӣ ба имзо расонидааст, ки заминаи ҳуқуқию техникӣ барои рушди саноати миллӣ дар ин самт фароҳам меорад. Ҳадафи стратегӣ — эҷоди модели миллии дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин бо истифодаи технологияҳои навтарин, мутобиқ ба талаботи амниятӣ ва иқтисодии кишвар, барои қонеъсозии эҳтиёҷоти дохилӣ ва бозори минтақавӣ мебошад.

Фаъолият дар ИТ-парк

Scroll to Top