ҶДММ «Ливо»
ҶДММ «Ливо»
«Ливо» —IT ширкатест, ки сайъ дорад, қарорҳои инноватсиониро дастрас ва ба тиҷорат барои ба даст овардани натиҷаҳои баланд кӯмак намояд. Фалсафаи мо ба озодӣ, сифат ва эътимоди муштариён дар истифодаи қарорҳоямон асос ёфтааст. Даста, рушд, имкониятҳо, натиҷа ва ҷомеа аз ҷумлаи принсипҳои асосии брендо маҳсуб меёбанд. Мо ростқавлӣ, ошкорбаёнӣ ва андешаҳои гуногунро қадр намуда рушди шахсӣ ва касбии кормандонро дастгирӣ менамоем ва барои ба даст овардани натиҷаҳои баланд илҳом мебахшем.
Мо ба мизоҷон ва кормандон воситаҳо ва захираҳо барои пайдо намудани имконот ва расидан ба ҳадафҳоро пешниҳод менамоем.
- 7 сол дар бозор
- 20 + мутахассисони даста
- 110 + лоиҳаи бомуваффақият иҷрогардида
Фаъолият дар парк
- #12 – Таҳлил, лоиҳакашӣ ва таъминоти барномавии низоми иттилоотӣ, аз ҷумла, лоиҳакашӣ, таҳия ва татбиқ (аз ҷумла додани ҳуқуқи истифодаи таъминоти барномавӣ, додан (интиқоли)-и ҳуқуқи истисноӣ ба таъминоти барномавӣ)-и низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавӣ барои бозиҳои компютерӣ ва барои ҳама гуна барномаҳои заминавӣ.
- #13 – Фаъолият дар самти татбиқ, дастгирӣ, нигоҳдорӣ, истифодаи низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавӣ ё низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавии шахсони сеюм, ки бо иштироки субъектҳои паркҳои технологӣ истеҳсол карда мешаванд, татбиқи усулҳои инноватсионӣ барои таҳияи барномаҳои таълимӣ (омӯзишӣ) бо истифода аз низомоти иттилоотӣ ё таъминоти барномавӣ.
- #19 – Фаъолият оид ба лоиҳакашӣ, таҳия ва роҳандозии низомҳои таъминоти барномавӣ ва (ё) воситаҳои таъминоти барномавӣ-техникӣ дар асос ва (ё) истифодаи технологияи ҳисоббарории абрӣ (облачное вычисление), аз ҷумла барои нигоҳдории маълумот, таъсис додани махзани маълумот ва ҷойгиркунии таъминоти барномавӣ дар серверҳои абрӣ.