ҶДММ «Хизматрасонии нав»
ҶДММ "Хизматрасония Нав" – IT-е, КӢ БАРОИ ШУМО КОР МЕКУНАД
Ширкати “Хизматрасон” пешниҳод менамояд::
- Таҳияи роҳҳои ҳалли IT, ки ба ниёзҳои тиҷоратӣ мутобиқ карда шудаанд: эҷоди маҳсулоти IT ва роҳҳои ҳалли технологии фармоишӣ, кӣ ба равандҳои мушаххаси тиҷоратӣ мутобиқ карда шудаанд. Ин таҳияи нармафзор, порталҳо, чатботҳо, барномаҳои мобилӣ ва вебро дар бар мегирад.
- Автоматикунонии равандҳои тиҷоратӣ: бар асоси системаи ERP-и худамон, MyCrm.tj, кӣ ҳамгироиро бо дигар барномаҳо ва таҳияҳои худамон, ба монанди сервери SIP-и худамон, TEASIP, бо дастгирӣ ва танзими IVR ва ҷараёни зангҳо дастгирӣ мекунад. Навбати электронии QLESS барои ҳама гуна намуди тиҷорат оптимизатсия шудааст. Пайгирии вақти кормандон бар асоси FaceId.tj, бо таҳлили муфассал ва огоҳиҳои саривақтӣ барои роҳбарон ва шахсони масъул, инчунин ҳамгироӣ бо 1C, iiko ва дигар барномаҳои баҳисобгирӣ ва ҷадвали вақт амалӣ карда мешавад.
“Хизматрасон“ – роҳнамои боэътимоди шумо ба ояндаи рақамӣ аст! Таъминкунандаи пешбари роҳҳои ҳалли автоматикунонии тарабхонаҳо ва таҳияи нармафзори муосир. Мо як экосистемаи роҳҳои ҳалли IT-ро эҷод мекунем, ки ба тиҷоратҳо дар фаъолияти зудтар, оқилона ва фоидаовартар кӯмак мекунад.
Фаъолият дар парк
- #11 – Таҳия ва татбиқи усулҳои инноватсионии коркарди технологияҳои рақамӣ.
- #12 – Таҳлил, лоиҳакашӣ ва таъминоти барномавии низоми иттилоотӣ, аз ҷумла, лоиҳакашӣ, таҳия ва татбиқ (аз ҷумла додани ҳуқуқи истифодаи таъминоти барномавӣ, додан (интиқоли)-и ҳуқуқи истисноӣ ба таъминоти барномавӣ)-и низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавӣ барои бозиҳои компютерӣ ва барои ҳама гуна барномаҳои заминавӣ.
- #19 – Фаъолият оид ба лоиҳакашӣ, таҳия ва роҳандозии низомҳои таъминоти барномавӣ ва (ё) воситаҳои таъминоти барномавӣ-техникӣ дар асос ва (ё) истифодаи технологияи ҳисоббарории абрӣ (облачное вычисление), аз ҷумла барои нигоҳдории маълумот, таъсис додани махзани маълумот ва ҷойгиркунии таъминоти барномавӣ дар серверҳои абрӣ.
- #20 – Фаъолият вобаста ба барномасозӣ, аз ҷумла лоиҳакашӣ, таҳия, татбиқи воситаҳои таъминоти барномавӣ ва (ё) воситаҳои таъминоти барномавӣ-техникӣ дар асос ё истифодаи технологияҳои блокчейн.