IT Park Uzbekistan ва IT Park Душанбе: Марҳилаи нави ҳамкорӣ дар соҳаи IT

6 сентябри соли 2024 ҳайати IT Park Uzbekistan таҳти роҳбарии директори он Ҷаҳонгир Раҷабов ва Маҳлиё Муқсинова ҳайати IT Park Dushanbe-ро бо роҳбарии директори он Темур Хисомуддинов пазироӣ карданд. Ҳадафи асосии мулоқот мубодилаи таҷриба ва таҳкими муносибатҳои шарикӣ барои рушди минбаъдаи соҳаи IT дар сатҳи минтақавӣ буд.

Ҳайати IT Park Uzbekistan таърихи таъсис, рушди технопарк ва дастгирии давлатии он, ки яке аз омилҳои калидии муваффақият маҳсуб меёбад, ба ҳайати меҳмонон муаррифӣ намуданд. Таваҷҷуҳи хоса ба имтиёзҳо ва преференсияҳое дода шуд, ки ба резидентҳои IT Park Uzbekistan пешниҳод мешаванд ва имкониятҳои нави васеъ намудани тиҷорат ва густариш дар бозорҳои байналмилалиро фароҳам меоранд.

it-park-in-uzb

Барномаҳои Zero Risk, Local2Global ва Softlanding, ки ба ҳайати Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд, дастгирии ҳамаҷонибаро барои ширкатҳои ITes ҳам аз ҷониби давлат ва ҳам аз ҷониби худи IT Park Uzbekistan таъмин намуда, равандҳои мутобиқшавӣ дар бозори Ӯзбекистонро осон мегардонанд.

Илова бар ин, ҳайати IT Park Душанбе таҷрибаи Ӯзбекистонро дар рушди экосистемаи стартап омӯхтанд. Ба меҳмонон механизмҳои самараноки акселератсия, менторӣ ва маблағгузорӣ пешниҳод гардид, ки ба ширкатҳои ҷавон имкони рушди боэътимод медиҳанд.

Ҷанбаи муҳимтарини мулоқот баррасии нақши лоиҳаи “One Million Uzbek Coders” дар баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти IT дар кишвар буд, ки дар омодасозии мутахассисони баландихтисоси IT-и Ӯзбекистон барои кор дар бозори байналмилалӣ саҳми муҳим гузошт.

mr.Temur

Ширкаткунандагони мулоқот аҳамияти васеъ намудани дастрасии барномаҳои таълимиро қайд карданд. Ҳоло, бо иштироки фаъоли технопарк дар рушди касбии нерӯи кадрии кишвар, зиёда аз 7 000 истеъдодҳои ҷавон дар ширкатҳои резиденти IT Park Uzbekistan дар минтақаҳо бо муваффақият фаъолият мекунанд.

Марҳилаи минбаъда имзои Меморандуми ҳамдигарфаҳмӣ (MoU) хоҳад буд, ки асоси ҳамкориҳои дарозмуддат байни ду технопаркро фароҳам меорад. IT Park Uzbekistan омодагии худро барои расонидани кӯмаки ҳамаҷониба ба ҳамкорони худ аз Душанбе, аз ҷумла пешниҳоди экспертиза ва дастгирӣ дар рушди саноати IT дар Тоҷикистон изҳор дошт.

Мулоқот бо мувофиқаи дутарафа барои идомаи ҳамкорӣ ва таҳкими муносибатҳои шарикӣ, ки ба рушди муштараки соҳаи IT дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон нигаронида шудааст, ба анҷом расид. Ин ташаббус ба таҳкими иқтидори Осиёи Марказӣ дар соҳаи IT ва аутсорсинг мусоидат намуда, шароити мусоидро барои шукуфоии тамоми минтақа фароҳам меорад.

Scroll to Top