Имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои IT Park Dushanbe баргузор гардид, ки дар он дархостҳои як қатор ширкатҳои IT барои дарёфти мақоми субъекти Парки технологӣ баррасӣ шуданд.
Ширкатҳои наверо, ки ба экосистемаи IT Park Dushanbe ҳамроҳ гардиданд, самимона хайрамақдам мегӯем. Ба субъектони нав дар татбиқи лоиҳаҳои муваффақ, рушди устувор, дастовардҳои инноватсионӣ ва саҳмгузории арзанда дар рушди иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳо орзу менамоем.