IT Park Dushanbe дар доираи ICT Week Uzbekistan 2026 ҳамкориҳои байналмилалиро густариш медиҳад

Имрӯз роҳбарияти IT Park Dushanbe бо намояндагони ширкатҳои пешбари IT, ташкилотҳо ва ассотсиатсияҳо як қатор вохӯриҳои корӣ баргузор намуда, бо як қатор шарикон Ёддоштҳои тафоҳум (MoU) ба имзо расонид.

Созишномаҳои баимзорасида ба рушди ташаббусҳои муштарак ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ равона шудаанд.

IT Park Dushanbe минбаъд низ иқтидори IT-и Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, робитаҳоро бо ҷомеаи ҷаҳонии технологӣ таҳким мебахшад.

Scroll to Top