Имрӯз ҳайати Минтақаи махсуси иқтисодии «Алабуга» ба IT Park Dushanbe ташриф овард.

Дар доираи мулоқот бо роҳбарияти IT Park Dushanbe ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, таҳсилоти IT, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва фароҳам овардани имкониятҳои нави шуғли ҷавононро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон ба масъалаҳои мубодилаи таҷриба, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати дастгирии инноватсия ва рушди иқтисоди рақамӣ диққати махсус дода шуд.

IT Park Dushanbe густариши ҳамкориҳои байналмилалиро баҳри рушди соҳибкории технологӣ ва сармояи инсонӣ идома медиҳад.

Scroll to Top