Дар Тоҷикистон Ҳафтаи инноватсия ва табдилоти рақамӣ бомуваффақият анҷом ёфт

it-week

Аз 18 то 24 ноябри соли 2024 чорабинии бузурге баргузор гардид, ки бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикон ташкил карда шуд.

Ин ҳафта имконияти нодиреро барои шиносоӣ бо ҷаҳони технологияҳои муосир ва наздик намудани ояндаи рақамии кишвар фароҳам овард. Ҳар як рӯз ба мавзӯъҳои калидӣ бахшида шуда буд:

  • 18 ноябр – Рӯзи IT дар бинои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, IT-парк Душанбе ва ТехноХаб.
  • 19 ноябр – Рӯзи механизмҳои маблағгузорӣ ва барномаҳои дастгирии ССМ ва стартапҳо, аз ҷумла ҳамкориҳои давлативу хусусӣ ва муколама.
  • 20 ноябр – Рӯзи технологияҳои молиявӣ (FinTech).
  • 21 ноябр – Рӯзи тиҷорати электронӣ (E-commerce).
  • 22 ноябр – Рӯзи амнияти киберӣ ва марказҳои иттилоот, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузор шуд.
  • 23 ноябр – Рӯзи малакаҳои «TechJam» ва платформаи «IT-гап» дар меҳмонхонаи Hyatt Regency.

it-week1

Ҳафта бо рӯзи илҳомбахши ҳалли инноватсионӣ барои соҳибкории занон оғоз ёфт, ки 14 ноябр дар Hyatt Regency баргузор гардид.

Ин чорабинии бузург иштирокчиёнро ба ғояҳои нав илҳом бахшида, фазои мубодилаи донишро фароҳам овард ва ба сохтани ояндаи рақамии Тоҷикистон як қадами муҳим гузошт!

Scroll to Top