ҶДММ «Технологияи Боми Ҷаҳон»
ROW TECH
ROWTECH-IT – ширкатест, ки ба таҳияи сомонаҳо ва барномаҳои мураккаб, ба монанди CRM ва ERP тахассус дорад.Мақсадиасосии ширкатавтоматикунонииравандҳодар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ барои баланд бардоштани самаранокӣ ва содда сохтани фаъолияти ташкилотҳо мебошад.
Ширкати мазкур системаҳоро барои идоракунии кадрҳо, молия ва таъминот таҳия мекунад. Гурӯҳи таҳиягарони ботаҷрибаи ROW TECH ҳалли инноватсиониро барои автоматикунонии равандҳои мураккаб, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ва рушди устувори корхонаҳо ҷорӣ мекунад. Мо технологияҳо ва забонҳои барномасозии муосирро истифода бурда, низомҳоеро эҷод менамоем, ки бо ҳама гуна низомҳои оператсионӣ мувофиқанд.
Фаъолият дар парк
- #12 – Таҳлил, лоиҳакашӣ ва таъминоти барномавии низоми иттилоотӣ, аз ҷумла, лоиҳакашӣ, таҳия ва татбиқ (аз ҷумла додани ҳуқуқи истифодаи таъминоти барномавӣ, додан (интиқоли)-и ҳуқуқи истисноӣ ба таъминоти барномавӣ)-и низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавӣ барои бозиҳои компютерӣ ва барои ҳама гуна барномаҳои заминавӣ.
- #13 – Фаъолият дар самти татбиқ, дастгирӣ, нигоҳдорӣ, истифодаи низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавӣ ё низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавии шахсони сеюм, ки бо иштироки субъектҳои паркҳои технологӣ истеҳсол карда мешаванд, татбиқи усулҳои инноватсионӣ барои таҳияи барномаҳои таълимӣ (омӯзишӣ) бо истифода аз низомоти иттилоотӣ ё таъминоти барномавӣ.
- #19 – Фаъолият оид ба лоиҳакашӣ, таҳия ва роҳандозии низомҳои таъминоти барномавӣ ва (ё) воситаҳои таъминоти барномавӣ-техникӣ дар асос ва (ё) истифодаи технологияи ҳисоббарории абрӣ (облачное вычисление), аз ҷумла барои нигоҳдории маълумот, таъсис додани махзани маълумот ва ҷойгиркунии таъминоти барномавӣ дар серверҳои абрӣ.