31 август — Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод

31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2027 инҷониб 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон мегардад.

Ин ташаббус қадами муҳим дар самти рушди зеҳни сунъӣ бар пояи бехатарӣ, эътимоднокӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон мебошад.

Интихоби 31 август низ аҳаммияти таърихӣ дорад: маҳз дар ҳамин рӯз соли 1955 пешниҳоди баргузории Лоиҳаи таҳқиқотии тобистонаи Донишгоҳи Дартмут оид ба зеҳни сунъӣ ба миён гузошта шуда буд.

🇹🇯 Тоҷикистон бо ин ташаббус бори дигар нақши фаъоли худро дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба технологияҳои навин ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ нишон медиҳад.

Scroll to Top