Дар бинои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи техникии Гурӯҳи корӣ оид ба “Digital Development DCC” (Рушди рақамӣ) баргузор гардид. Чорабинӣ ба ҷамъбасти “Digital Week” (“Ҳафтаи рақамӣ”), ки қаблан аз 18 то 24 ноябри соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор шуда буд, бахшида шуд.
Дар ҷаласа директори IT-Park Душанбе Темур Хисомуддинов иштирок ва баромад намуд. Ӯ дастовардҳои назарраси ҳафтаи рақамиро зикр намуда, дурнамои рушди минбаъда ва ҳамкориҳои инноватсиониро баррасӣ кард.
Ҷаласа намояндагони ташкилотҳои гуногун ва мутахассисонро дар соҳаи рақамисозӣ муттаҳид сохта, нақшаи амалиёти муштарак ва самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистонро муайян кард.