Ҳамкории бахшҳои давлатӣ ва
хусусӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ

itpark

30-юми январи соли 2025 дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштарак бо иштироки намояндагони Ассотсиатсияи рушди рақамии Тоҷикистон, ширкатҳои хусусии соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коршиносони соҳа баргузор гардид.

Ассотсиатсияи рушди рақамии Тоҷикистон (АРРТ) созмони ҷамъиятӣ ва ғайритиҷоратӣ буда, бо ҳадафи рушди экосистемаи рақамӣ, дастгирии стартапҳо ва пешбурди технологияҳои навин таъсис дода шудааст.

itpark img

Дар чорабинӣ роҳбарияти Агентӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати ҳамгироии ҳадафҳои рушди экосистемаи рақамӣ, муаррифии технологияҳои инноватсионӣ ва тақвияти ҳамкориҳо байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ андешаронӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба дурнамои рақамигардонии соҳаҳои мухталиф, муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ассотсиатсия дар оянда ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ба лоиҳаҳои инноватсионӣ равона гардид.

Илова бар ин, даҳ ширкат, аз ҷумла «Технологияи Боми ҷаҳон», «Ребус», «Ливо», «Ватан ИКТ», «Алиф Технология ва «Фонди рушди инноватсия ва саноат» мақоми расмии субъектҳои IT-Паркро гирифтанд.

itpark img

Дар поёни ҷаласа муколамаи озод оид ба лоиҳаи “Digital Millat” сурат гирифт. Дар рафти он иштирокчиён ташаббуси мазкурро баррасӣ ва имкониятҳои самарабахши ҳамкории минбаъдаро муҳокима намуданд.

Scroll to Top