Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон, дар доираи Панҷумин ҷаласаи роҳбарони вазоратҳои масъули технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Форуми байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ баргузор гардид, ки дар кори он директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.