Имрӯз дар IT Park Dushanbe вохӯрии сатҳи баланд байни роҳбарияти IT Park Dushanbe ва доктор Меҳдӣ Снене, мушовири калони Созмони Милали Муттаҳид оид ба зеҳни сунъӣ ва трансформатсияи рақамӣ, баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо самтҳои эҳтимолии ҳамкории стратегиро баррасӣ намуданд, ки ба таҳкими экосистемаи инноватсионӣ ва дастгирии рушди иқтисоди рақамӣ равона шудаанд. Масъалаҳои дастгирӣ ва тавсеаи стартапҳо, иштироки бештари субъектони IT Park Dushanbe дар форумҳо ва конфронсҳои байналмилалии СММ дарҷ гардиданд.

Ҷонибҳо аҳамияти шарикии байналмилалиро барои суръат бахшидан ба трансформатсияи рақамӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои устувор барои ҷавонони навовар ва ширкатҳои технологӣ таъкид намуданд.

Прокрутить вверх