Дар ҳошияи IT Форуми «Tajik-China Digital Business Connect» роҳбарияти IT Park Dushanbe як қатор мулоқотҳои дуҷонибаи B2B бо ширкатҳои пешбари технологии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор намуд.

11 майи соли 2026 дар шаҳри Пекин, дар доираи IT Форуми «Tajik-China Digital Business Connect», ки дар ҳошияи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, роҳбарияти IT Park Dushanbe бо намояндагони ширкатҳои бонуфузи технологӣ ва сармоягузорони байналмилалӣ як қатор мулоқотҳои сатҳи B2B анҷом дод.

Зимни вохӯриҳо масъалаҳои марбут ба рушди экосистемаи рақамӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, зеҳни сунъӣ, рушди инфрасохтори IT, марказҳои коркарди додаҳо (Data Center), дастгирии стартапҳо, омодасозии мутахассисони баландихтисос ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар натиҷаи мулоқотҳо байни IT Park Dushanbe ва як қатор ширкатҳои пешрафтаи технологии Ҷумҳурии Мардумии Чин якчанд Ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонида шуданд, ки ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби сармоягузорӣ ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи технологияҳои рақамӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

IT Park Dushanbe минбаъд низ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби технологияҳои пешрафта ва рушди муҳити инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро идома медиҳад.

Прокрутить вверх