ҶАЛАСАИ ШӮРОИ IT PARK DUSHANBE: СУПОРИДАНИ МАҚОМИ РЕЗИДЕНТӢ БА СУБЪЕКТОНИ НАВИ ИННОВАТСИОНӢ

Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе (IT Park Dushanbe) аризаи 5 ширкати пешқадами технологияҳои иттилоотӣ ҷиҳати гирифтани мақоми субъекти Парки технологӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Дар рафти ҷаласа аъзои Шӯро лоиҳаҳои пешниҳодшуда, иқтидори содиротӣ ва нақшаҳои тиҷоратии ин ширкатҳоро мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ ва низоми имтиёзноки Парк арзёбӣ намуда, хоҳиши онҳоро барои пайваст шудан ба экосистемаи инноватсионии кишвар комилан дастгирӣ намуданд.

Прокрутить вверх