Марҳилаи нав барои ширкатҳои технологӣ!

Имрӯз дар IT Park Dushanbe ҷаласаи Шӯрои машваратӣ баргузор гардида, дар доираи он дархостҳои ширкатҳои нави IT барои соҳиб шудан ба мақоми субъекти Парки технологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳар як ширкати нав — ин идеяҳои нав, технологияҳои нав ва имкониятҳои бештар барои рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон мебошад. Мо ба ҷомеаи технологии кишвар имконият медиҳем, то рушд кунад, пайваст шавад ва ояндаро эҷод намояд.

Scroll to Top