Имрӯз вохӯрии субъектони IT Park Dushanbe бо муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бодуршозода М.А. баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои мутақобила, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, дастгирии бахши хусусӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, рушди стартап-экосистема ва татбиқи лоиҳаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон, иштирокчиён доир ба имкониятҳои густариши ҳамкориҳо байни давлат ва бахши хусусӣ дар самти технологияҳои рақамӣ, инноватсия ва рушди соҳаи IT мубодилаи афкор намуданд.

IT Park Dushanbe минбаъд низ барои рушди муҳити инноватсионӣ, дастгирии ширкатҳои технологӣ ва татбиқи ташаббусҳои рақамӣ ҳамкориҳои судмандро идома медиҳад.

Прокрутить вверх