ҷдмм «самандари само»
- +992 112 77 55 00
- info@ict.tj
ҶДММ "Самандари само"
Маълумот оид ба маҳсулот: Мо барои бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ барномаҳоро таҳия мекунем. Маҳсулоти асосии мо низомҳои мониторинги нақлиёт, рақамисозии равандҳои корӣ ва ҳалли махсусгардонидашуда барои ниёзҳои ташкилотҳои инфрасохторӣ мебошанд. Дар бахши давлатӣ шарики асосии мо — КВД «Роҳҳои оҳани Тоҷикистон» аст.
Самти фаъолият: GovTech, TransportTech, Software Development, Digital Infrastructure.
Навигариҳо: Айни ҳол мо дар марҳилаи таҳияи вазифаи техникӣ барои низоми мониторинги тепловозҳо дар вақти воқеӣ қарор дорем. Нияти мо эҷоди барномае мебошад, ки ба диспетчер имкон медиҳад ҷойгиршавӣ, ҳолат ва параметрҳои калидии ҳар як тепловозро дар як панели ягонаи идоракунӣ бинад. Лоиҳа дар марҳилаи омодасозии MVP ва муҳокимаи оғози пилотӣ дар чанд қитъаи шабакаи роҳи оҳан қарор дорад.
Фаъолият дар парк
- #12 – Таҳлил, лоиҳакашӣ ва таъминоти барномавии низоми иттилоотӣ, аз ҷумла, лоиҳакашӣ, таҳия ва татбиқ (аз ҷумла додани ҳуқуқи истифодаи таъминоти барномавӣ, додан (интиқоли)-и ҳуқуқи истисноӣ ба таъминоти барномавӣ)-и низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавӣ барои бозиҳои компютерӣ ва барои ҳама гуна барномаҳои заминавӣ.
- #13 – Фаъолият дар самти татбиқ, дастгирӣ, нигоҳдорӣ, истифодаи низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавӣ ё низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавии шахсони сеюм, ки бо иштироки субъектҳои паркҳои технологӣ истеҳсол карда мешаванд, татбиқи усулҳои инноватсионӣ барои таҳияи барномаҳои таълимӣ (омӯзишӣ) бо истифода аз низомоти иттилоотӣ ё таъминоти барномавӣ.
- #19 – Фаъолият оид ба лоиҳакашӣ, таҳия ва роҳандозии низомҳои таъминоти барномавӣ ва (ё) воситаҳои таъминоти барномавӣ-техникӣ дар асос ва (ё) истифодаи технологияи ҳисоббарории абрӣ (облачное вычисление), аз ҷумла барои нигоҳдории маълумот, таъсис додани махзани маълумот ва ҷойгиркунии таъминоти барномавӣ дар серверҳои абрӣ.