ҶДММ «Ребус»
ҶДММ «Ребус»
Ребус ширкатест, ки дар соҳаи хизматрасониҳои IT дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Ширкат зиёда аз 11 сол таҷрибаи корӣ бо лоиҳаҳои ITдошта бо ширкатҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва хусусӣ кор мекунад.
Лоиҳаҳои бузург ва муваффақи мо аз қабили “Геопортал” барои “Инфрасохтори миллии маълумоти фазоии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “TIPDIS” маҳзани омӯзишӣ барои баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон дар саросари ҷумҳурӣ ва таҳияи бозиҳои мобилӣ барои кӯдакони синни томактабӣ ва мактаби “Китобдӯст” ва “Бозихои математика” ба ҳисоб мераванд.
Фаъолият дар парк
- #12 – Таҳлил, лоиҳакашӣ ва таъминоти барномавии низоми иттилоотӣ, аз ҷумла, лоиҳакашӣ, таҳия ва татбиқ (аз ҷумла додани ҳуқуқи истифодаи таъминоти барномавӣ, додан (интиқоли)-и ҳуқуқи истисноӣ ба таъминоти барномавӣ)-и низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавӣ барои бозиҳои компютерӣ ва барои ҳама гуна барномаҳои заминавӣ.
- #13 – Фаъолият дар самти татбиқ, дастгирӣ, нигоҳдорӣ, истифодаи низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавӣ ё низомоти иттилоотӣ, таъминоти барномавии шахсони сеюм, ки бо иштироки субъектҳои паркҳои технологӣ истеҳсол карда мешаванд, татбиқи усулҳои инноватсионӣ барои таҳияи барномаҳои таълимӣ (омӯзишӣ) бо истифода аз низомоти иттилоотӣ ё таъминоти барномавӣ.
- #19 – Фаъолият оид ба лоиҳакашӣ, таҳия ва роҳандозии низомҳои таъминоти барномавӣ ва (ё) воситаҳои таъминоти барномавӣ-техникӣ дар асос ва (ё) истифодаи технологияи ҳисоббарории абрӣ (облачное вычисление), аз ҷумла барои нигоҳдории маълумот, таъсис додани махзани маълумот ва ҷойгиркунии таъминоти барномавӣ дар серверҳои абрӣ.