Таджикистан с рабочим визитом посетила Жужанна Харгитай, управляющий директор Департамента финансирования и развития малого бизнеса ЕБРР.
Центральным событием визита стало участие г-жи Харгитай в круглом столе, посвященном перспективам и вызовам технологического предпринимательства в стране.
Мероприятие, организованное совместно с Агентством инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан и IT-Park Dushanbe, объединило представителей госорганов, международных доноров, инвесторов и бизнес-сообщество.
Ключевые темы обсуждения:
• Итоги программы Star Venture: обсудили реальные результаты первых выпускников программы в Таджикистане.
• Инфраструктура роста: роль IT-Park Dushanbe и акселерационных программ в создании устойчивого стартап-пайплайна.
• Преодоление барьеров: доступ к венчурному финансированию и укрепление связей между государством и инвесторами.
Круглый стол подтвердил готовность всех сторон к открытому диалогу. Инновации и стартапы становятся важным драйвером экономики страны, создавая новые возможности для роста и занятости.
🇹🇯Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сафари корӣ хонум Жужанна Харгитай, директори идоракунандаи Департаменти маблағгузорӣ ва рушди соҳибкории хурди Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, боздид намуд. Рӯйдоди марказии сафар, иштироки хонум Харгитай дар мизи мудаввар оид ба дурнамо ва чолишҳои соҳибкории технологӣ дар кишвар гардид. Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технология рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва IT-Park Dushanbe баргузор шуда, намояндагони мақомоти давлатӣ, донорҳои байналмилалӣ, сармоягузорон ва ҷомеаи соҳибкориро ба ҳам овард.
Мавзӯъҳои калидии баррасишуда:
• Натиҷаҳои барномаи Star Venture: натиҷаҳои воқеии аввалин хатмкунандагони барнома дар Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
• Инфрасохтори рушд: нақши IT-Park Dushanbe ва барномаҳои акселератсионӣ дар ташаккули пайплайни устувори стартапҳо таъкид гардид.
• Рафъи монеаҳо: дастрасӣ ба маблағгузории венчурӣ ва таҳкими робитаҳо миёни давлат ва сармоягузорон баррасӣ шуд.
Мизи мудаввар омодагии ҳамаи ҷонибҳоро ба муколамаи боз ва ҳамкории созанда тасдиқ намуд. Инноватсия ва стартапҳо ба яке аз муҳаррикҳои муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфта, барои рушд ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ имкониятҳои нав фароҳам меоранд.

