Нишасти матбуотии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Санаи 6 феврали соли 2026 нишасти матбуотии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Агентӣ натиҷаҳои фаъолиятро дар соли 2025 ва самтҳои афзалиятноки рушди соҳа барои давраи минбаъдаро муаррифӣ намуд.
Дар ҷараёни нишаст масъалаҳои асосӣ вобаста ба рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, инчунин таҳкими иқтидори кадрии соҳа мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд.

