Лоиҳаи “Сохтмони нави бинои ИТ-Парк” оғози марҳилаи нави рушди рақамии кишвар мегардад.
Сеул, Ҷумҳурии Корея – 10 ноябри соли 2025
Бо мақсади таҳкими ояндаи рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуршед Мирзо – директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Ҷаноби Ҳонг Сокҳва – муовини президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) мулоқоти дуҷониба анҷом дод.
Дар меҳвари музокирот яке аз ташаббусҳои муҳим ва тағйирбахши фазои рақамии Тоҷикистон – лоиҳаи сохтмони маҷмааи “IT Hub Dushanbe” қарор дошт.

