Имрӯз дар IT Park Dushanbe ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ баргузор гардид.

Имрӯз дар IT Park Dushanbe ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа дархостҳои 8 ширкати соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ҷиҳати гирифтани мақоми субъекти IT Park Dushanbe баррасӣ шуданд.

Инчунин масъалаҳои марбут ба раванди қабул, истифодаи мақсадноки имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ, инчунин бизнес-нақшаҳои пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо қарори Шӯро, ҳамаи 8 ширкати IT ба ҳайси субъектони IT Park Dushanbe қабул карда шуданд.
Роҳбарият ва дастаи IT Park Dushanbe субъектҳои навро бо гирифтани мақоми мазкур табрик гуфта, ба онҳо дар татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ муваффақият орзу менамоянд.

Прокрутить вверх