Имрӯз дар IT Park Dushanbe ҷаласаи машваратӣ оид ба масъалаҳои андозӣ байни масъулони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субъектони Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе д оир гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ натиҷаҳои фаъолияти солонаи субъектҳо ҷамъбаст гардида, нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, аз ҷониби субъектҳои IT Park Dushanbe ба намояндагони Кумитаи андоз саволҳо пешниҳод шуда, ба ҳамаи онҳо ҷавобҳои муфассал дода шуданд.
Вохӯрӣ дар фазои созанда ва ҳамкории мутақобил баргузор гардида, барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва баланд бардоштани сатҳи шаффофияти фаъолияти андозии субъектҳо мусоидат намуд.

