Густариши ҳамкориҳо дар самти киберамният ва технологияҳои рақамӣ дар IT Park Dushanbe

Густариши ҳамкориҳо дар самти киберамният ва технологияҳои рақамӣ дар IT Park Dushanbe

Имрӯз дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар IT Park Dushanbe мулоқоти судманд бо иштироки Эндрит Деми — мушовири калони Котиботи давлатии ШМА оид ба энергетика ва амнияти киберӣ ва Тодд Сирис — намояндаи Бунёди тадқиқоти шаҳрвандӣ ва рушд баргузор гардид.

Дар мулоқот роҳбарияти IT Park Dushanbe, намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ директори IT Park Dushanbe Хисамутдинов Темур фаъолияти Паркро муаррифӣ намуда, дар бораи имтиёзҳои андозию гумрукӣ, шароити мусоид барои рушди соҳибкории технологӣ ва дастгирии субъектон маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои амнияти киберӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро баррасӣ намуда, инчунин оид ба имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мубодилаи афкор анҷом доданд.

Прокрутить вверх